«ПАРАСТУ–2023». Дар Тоҷикистон Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ доир мегардад
Нашр шуд. Душ, 24/04/2023 - 10:27Бахшида ба 35—солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва 85 – солагии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Хушназар Майбалиев аз 27 апрел то 4 май дар шаҳри Душанбе Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту – 2023» баргузор мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Фестивали мазкур бо мақсади рушди драматургияи миллӣ, санъати театрии мамлакат, таҳияи асарҳои баландғояи ватанӣ, баланд бардоштани сатҳи маҳорати касбии коргардонҳо, ҳунармандон, рассомон, бастакорон...