Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Зафаробод Маркази саломатии деҳаи Зарафшони деҳоти Ҷомиро мавриди истифода қарор доданд
Нашр шуд. Ҷум, 31/03/2023 - 18:21Дар ҷараёни боздид аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Зарафшони деҳоти Ҷомии ноҳияи Зафаробод Маркази саломатиро мавриди истифода қарор доданд.
Корҳои сохтмонӣ ва таъмиру навсозӣ дар ин иншооти соҳаи тандурустӣ моҳи октябри соли 2022 оғоз гардида буд. Пудратчии иншоот Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “СМУ-1” мебошад.