Дар ИДМ ташкилоти заминавӣ оид ба тайёрӣ ва бозомӯзии мутахассисони рӯзноманигор пайдо мешавад

Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия ташкилоти заминавии давлатҳои иштирокчии Иттиҳод оид ба тайерӣ ва бознигарии кадрҳои журналистӣ хоҳад буд. Чунин қарор дар Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ, ки 14 апрели соли 2023 дар Самарқанд баргузор гардид, қабул карда шуд. Дар ин хусус Кумитаи иҷроияи ИДМ хабар медиҳад.

Дар Душанбе тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Корея дар соҳаи сайёҳӣ баррасӣ гардид

Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Корея дар бахши сайёҳӣ зимни мулоқоти роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба  Кумитаи мазкур хабар медиҳад.

Дар мулоқот атрофи масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи сайёҳӣ, омӯзиши таҷрибаи Корея ва ҷалби сармоягузорӣ дар ин самт табодули афкор сурат гирифт.

ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХӢ- МУАРРИФИ МИЛЛАТ. Сайёҳон бештар ба тамошои он мароқ зоҳир менамоянд

Ҷиҳати амалӣ намудани барномаҳои ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии халқи тоҷик, ки барои солҳои гуногун аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидаанд, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Раёсати фарҳанги вилоят ва дигар муассисаву идораҳои дахлдор барномаҳои махсуси корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар хусуси «Омӯзиш, тарғибу ташвиқ, ҳифз ва эҳёи фарҳанги моддию маънавӣ давоми солҳои 2012-2020» таҳия намудаанд.  Дар натиҷа корҳои зиёд дар ин самт анҷом дода шуд. Якчанд ёдгории муҳими таърихӣ таъмиру тармим гардид. Айни ҳол  10 ёдгории дигар дар ҳолати барқароркунӣ ва тармим қарор дорад.

ҲУШДОРИ КОРШИНОС: Паҳн кардани андешаҳои экстремистӣ-террористӣ ҷиноят аст!

Таҷриба нишон медиҳад, ки дастовардҳои илму техника боиси пешрафти ҷомеаҳо, боло рафтани сатҳи некуаҳволии одамон ва зисти онҳо гашта, сабаби аз байн бурдани фаҳмишҳои беасос ва асримиёнагии динӣ-ифротӣ мегарданд. Мутаассифона, бо вуҷуди амалӣ гардидани чорабиниҳои васеи фаҳмондадиҳӣ, бардоштҳои ифротӣ дар қиёс бо фаҳмишҳои илмӣ   дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон ҳамоно ҷойгоҳи хос дорад,

Страницы