Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2023» баргузор мешавад

Аз 4 то 7 май дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и пойтахт  Намоишгоҳи байналмилалии универсалии  «Тоҷикистон-2023» баргузор мешавад. Дар ин хусус  АМИТ «Ховар» бо истинод ба Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки созмондиҳандаи ин намоишгоҳ мебошад, хабар медиҳад.

Таблиғи маҳсулоти истеҳсолкунандагони ватанӣ, роҳандозӣ ва густариши равобити тиҷоратӣ...

«ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД». Имрӯз Фестивали ҳунармандони Тоҷикистон ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид

Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ» бо ташаббуси Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо таҳти унвони «Ҳунар беҳтар аз зар бувад» Фестивали ҳунармандони Тоҷикистон ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид.
Дар фестивал аз гӯшаву канори мамлакат

Ҳайати Тоҷикистон дар кори комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок кард

Дар доираи сафари ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон дар кори комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил фаъолона иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон иттилоъ дод.

Ҷаласаи мушовараи Кумита оид ба ҷамъбасти семоҳа дар соли 2023

12 апрели соли 2023 ҷаласаи ҳайати мушовараи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолияти Кумита дар семоҳаи якуми соли 2023 ва вазифаҳо то охири  сол баргузор гардид. Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид кори ҷаласаро оғоз бахшида, рўзномаи онро барои баррасӣ ва қабул пешниҳод намуд, ки аз ҷониби аъзои ҳайати мушовара ҷонибдорӣ гардид.

Страницы