Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон Ерлан Кошанов мулоқот намуданд
Нашр шуд. Пан, 04/05/2023 - 19:23
4 май дар шаҳри Остона Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ бо Раиси Маҷлиси Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон Ерлан Кошанов мулоқот намуданд.
Дар рафти мулоқот маҷмуи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон, аз ҷумла заминаи ҳуқуқии байни давлатҳо ва робитаҳои...

04.05.2023, Қазоқистон
Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон дар ҳузур ва бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд.
Баррасии масоили муҳими муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Қазоқистон дар чорчӯби шарикии стратегӣ дар мулоқоти хоссаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев оғоз гардида, дар музокироти ҳайатҳои васеи ҳар ду ҷониб идома ёфт.



