ПАЁМИ ШОДБОШИИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон

Ҳамватанони азиз!

Фардо моҳи шарифи Рамазон оғоз мегардад.

Ба ин муносибат тамоми сокинони кишварро самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонавода тансиҳатӣ, осоишу оромӣ ва файзу баракат орзу менамоям.

Моҳи шарифи Рамазон тибқи таълимоти дини мубини ислом моҳи нузули Қуръон, айёми хайру баракат, тоату ибодат ва парҳез аз кинаву адоват мебошад.

Яъне ҳар як мусулмон дар ин моҳ бояд аз ҳама гуна аъмоли зишту нораво худдорӣ карда, дигаронро низ ба роҳи росту дуруст, анҷом додани амалҳои хайру писандида, сабру таҳаммул, раҳму шафқат ва некиву накўкорӣ даъват намояд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш мулоқот намуданд

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи «Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид — 2023» дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш мулоқот намуданд.

Дар рафти мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистону Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он, инчунин рӯзномаи Конфронси об мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими тақдими туҳфаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Милали Муттаҳид иштирок намуданд

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Конфронси оби СММ дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар маросими тақдими туҳфаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Милали Муттаҳид иштирок намуданд.

Дар маросими тақдими туҳфаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Милали Муттаҳид муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои стратегӣ, сиёсӣ ва назорат дар соҳаи идора Катрин Поллард иштирок намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи «Таърихи рушди Тоҷикистон» дар қароргоҳи СММ иштирок ва суханронӣ намуданд

21 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи «Таърихи рушди Тоҷикистон», ки дар ҳошияи Конфронси оби СММ-2023 дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ Роҳбари Дастгоҳи Дабири кулли СММ Эрл Кортеней Раттрей ва сафирони кишварҳо — намояндагони расмии дигар давлатҳои аъзои СММ, инчунин дигар иштирокчиёни Конфронси оби СММ-2023 иштирок намуданд.

Страницы