ПАЁМИ ШОДБОШИИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯз

20 марти соли 2023, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шумо ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори Соли нави аҷдодӣ – Наврӯзи байналмилалӣ – ойини баробаршавии шабу рӯз ва эҳёи табиат самимона табрик мегӯям.

Дар айёми омодагӣ ва таҷлили ҷашни Наврӯз мо шукрона мекунем, ки ба шарофати истиқлолу озодӣ барои таҳқиқу омӯзиши ҳамаҷонибаи суннату анъанаҳо, расму ойинҳо ва маросиму ҷашнҳои асили миллиамон, аз ҷумла Наврӯз, Сада, Тиргон, Меҳргон ва оммавӣ гардонидани онҳо имконият пайдо кардем.

«МЕҲРИ ВАТАН». Таҳти чунин унвон китоби нави Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб нашр гардид

«Меҳри Ватан» — таҳти чунин унвон китоби нави Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Муҳаммад Ғоиб чоп гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Ин 60-умин китоби маҳсули килки эҷоди меҳанпарваронаи шоир аст, ки ашъори дар солҳои мухталиф офаридаи ӯро дар бар мегирад. Дар ҳар шеъри он сухану маънои тозае аз боби ватандорӣ ба назар расида, хонандаро ба роҳи нангу номус

РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Қоҳира тадбирҳои муштарак ва ҳамоҳангӣ дар доираи Эътилофи ҷаҳонии обу иқлим баррасӣ шуд

15 март мулоқоти муштараки сафирони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд дар Қоҳира бо Вазири захираҳои обӣ ва обёрии Ҷумҳурии Арабии Миср Ҳонӣ Сувайлам баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар вохӯрӣ Конфронси байналмилалии об, ки 22-24 марти соли 2023 дар шаҳри

Наврӯз ҷашни тамаддуни бостонӣ

Наврӯз рамзи покию некӣ,  пирӯзӣ,  рамзи эҳё ва бедории инсону табиат, пайғоми ҳаёти нав, сарсабзию хуррамӣ, рушду нумуъ ва фархундаҳолию фараҳ аст. Оини озодагию озодагон, фарзонагию фарзонагон, гаронбаҳотарину пурарзиштарин мероси фарҳангии миллати тоҷик, ҳумоюнтарину хуҷастатарин ҷашни мардумони ориёитабор ва рукни аслию муҳими худшиносии миллист, зеро ҷавҳари аслии Наврӯз- ин инсондӯстию

Страницы