Воридоти электромобил ба Тоҷикистон зиёд мешавад

Тибқи иттилои Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2022 ба ҷумҳурӣ 767 адад электромобил ворид гардид, ки ин нисбат ба соли 2021 (47 адад) 720 адад зиёд аст.

Сабаби афзоиши босуръати воридоти электромобил ба Тоҷикистон дар чист?

Барои пайдо кардани посух ба ин савол хабарнигори АМИТ «Ховар» ин мавзуъро пайгирӣ намуд.

Аз номи Пешвои миллат ба наҷотдиҳандагони Тоҷикистон барои кори пурсамар дар Туркия мукофотҳо супорида шуданд

Имрӯз дар маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба наҷотдиҳандагони тоҷик баъди бозгашт аз Туркия мукофотҳо тақдим карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ хабар доданд.

Аз номи Сарвари давлат ба наҷотдиҳандагон Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода мукофоту рутбаҳои ҳарбӣ, ҳамчунин сипосномаҳои кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва медалҳои соҳавӣ тақдим намуд.

Дар Душанбе ҳавопаймои «L410 NG» муаррифӣ карда шуд

Имрӯз ширкати чехии «LET Aircraft Industries» дар ҳамбастагӣ бо Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳавопаймои L410 NG-ро муаррифӣ намуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Сомон Эйр».

Дар муаррифӣ намояндагони «LET Aircraft Industries» оид ба имконияти техникии ҳавопаймо ба хабарнигорон маълумот доданд. Баъдан намояндагони расмӣ, роҳбарони корхонаҳои авиатсионӣ ва хабарнигорон ба парвози намоишӣ даъват гардида, дар ҷараёни парвоз бо кори ҳавопаймои истеҳсоли Чехия шинос шуданд.

Форуми байналмилалии «Помир-Инвест» имкон дод, ки ба маблағи қариб як миллиард сомонӣ шартномаҳо ба имзо расонида шаванд

Соли 2022 бо мақсади ҷалби ҳарчӣ бештари сармоя дар шаҳри Хоруғ Форуми байналмилалии сармоягузории «Помир-Инвест» доир гардид, ки дар натиҷа ҷиҳати рушди соҳаҳои гуногуни вилоят ба маблағи қариб як миллиард сомонӣ шартномаҳо ба имзо расиданд, ки ин бесобиқа мебошад. Ин матлабро роҳбарияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 25 феврал зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Тазаккур дода шуд, ки то имрӯз дар чаҳорчӯби ин шартномаҳо 12 лоиҳа ба маблағи 160 млн сомонӣ амалӣ гашта, дар 7 лоиҳа ба маблағи 665 млн сомонӣ корҳо идома доранд.

Страницы