Мулоқот бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш
Нашр шуд. Чор, 22/03/2023 - 12:54
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи “Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид - 2023” дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш мулоқот намуданд.
Дар рафти мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистону Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он, инчунин рӯзномаи Конфронси об мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи декабри соли 2016 Маҷмаи Умумии СММ қарор қабул намуд, ки солҳои 2018-2028 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» эълон карда шавад. Мақсади қатънома- рушди устувор ва идоракунии маҷмуи захираҳои об мебошад. Он инчунин ба пешбурди ҳамкорӣ ва шарикӣ барои ноил шудан ба ҳадафҳои дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқашуда, аз ҷумла Рӯзномаи рушди устувор то соли 2030 равона шудааст. Конфронси оби СММ соли 2023- дуюмин конфронси таърихӣ дар 50 соли охир мебошад. 





