«БУХОРОИ ШАРИФ» - НАХУСТИН НАШРИЯИ ТОҶИКӢ
Нашр шуд. Чор, 15/03/2023 - 14:23
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола Рўзи матбуот бо шукўҳу тантанаи хосса ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат дар ташкилотҳои эҷодӣ намояндагони васоити ахбори омма бо гузаронидани чорабиниҳои махсус ва пешкаши муштариён гардонидани дастранҷи килки зебоиофар омодагӣ мебинанд. Маҳфили «Хирадмандон»-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин доира истисно нест.
Маҳфили навбатӣ дар Кумита маҳз ба киромидошти ин рўзи саид барпо гардида, дар он аъзои маҳфил ва меҳмонон ширкат варзиданд. Сароѓоз Умар Темур, Ҳунарманди халќии Тоҷикистон, хотири ҳозиронро бо як навозиши ҷаззобу рӯҳбахш болида гардонд.

Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар паҳлӯи муҷассамаи Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлол»-и майдони «Истиқлол»-и пойтахт рамзи баҳору Наврӯз — табақи сабзаи суманак бо баландии 30 метр ва паҳноии 16 метр гузошта шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе».
13 март ҳайати вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Узбекистон сафар карда, дар маросими оғози сохтмони Маркази тиҷоративу логистикии «Андархон» иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода дар иҷлосияи 66-уми Комиссияи СММ оид ба маводи нашъаовар, ки 13 март дар шаҳри Вена оғоз ёфт, иштирок дорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии назорати маводи нашъаовар хабар доданд.



