Ҳамдардии Пешвои миллат ва таъсиси Комиссияи давлатӣ оид ба бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

 Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати м

Дар Тоҷикистон муҳлати азнавбақайдгирии SIM-кортҳои алоқаи мобилӣ ба муҳлати як сол тамдид карда шуд

Муҳлати бақайдгирии симкортҳо як соли дигар тамдид карда мешавад. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигорон иттилоъ дода шуд.

Ёдовар мешавем, ки муҳлати азнавбақйдгирии симкортҳо, ки як сол пеш то 15 феврали соли 2023 дароз гардида буд, имрӯз ба охир расид.

Мутобиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2016 «Дар бораи тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаҳои алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он», ки 15 феврал эътибор пайдо кард, ҳамаи муштариёни телефонҳои мобилӣ бояд SIM-корти худро бо шиносномаҳои ID — намунаи cоли 2014 аз нав ба қайд гиранд.

Шаҳри Кӯлоб Пойтахти фарҳангии ИСЕСКО дар соли 2024 пешниҳод гардидааст

Шаҳри Кӯлоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024 ҳамчун Пойтахти фарҳангии ИСЕСКО пешниҳод гардидааст. Ин матлаб 14 феврал зимни мулоқоти намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони ҷаҳонии исломӣ оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг дар шаҳри Душанбе баён карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати фарҳанги мамлакат иттилоъ доданд.

Ба иттилои намояндаи ин созмон, пешниҳоди мазкур моҳи май-июни соли равон дар ҷаласаи навбатии ИСЕСКО мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.

Дар мулоқот масъалаи ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг, аз ҷумла мероси таърихию фарҳангӣ, санъат, осорхона, китобхона, табъу нашр ва дигар унсурҳои фарҳангӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Суҳбати телефонии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот доир ба боришоти барфи шадиду фаромадани тарма, ки боиси талафоти ҷонӣ ва хисороти моддӣ шудааст ва оид ба бартарафкунии оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Хоруғ суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Ёдовар мешавем, ки дар натиҷаи боришоти барфи зиёд дар се шабонарӯзи охир баландии барф бештар аз як метрро ташкил дода, дар шаҳри Хоруғ тарма фаромад.

Страницы