Таҳсил дар хориҷ: имконияти мусоид барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон
Нашр шуд. Сеш, 07/02/2023 - 11:05Барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон донишгоҳҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз ҷумла, Аврупою Амрико, Сингапуру Австралия, Федератсияи Русия, Қазоқистон ва Беларус дар соли таҳсили 2023-2024 барои зинаи бакалавр ва магистратура бурсияҳои таҳсил ҷудо намудаанд. Дар ин хусус Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ додааст.
Аз ҷумла, барои таҳсили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зинаҳои магистратураи донишгоҳҳои пешрафтаи кишварҳои Аврупою Амрико, Сингапуру Австралия аз рӯйи 16 ихтисос, аз ҷумла, сохтмону шаҳрсозӣ, нанотехнология, кишоварзӣ, биоинформатикаю биотехнология ва ғайра бурсияҳо пешбинӣ шудаанд.