«СИМОИ МИЛЛӢ ВА ҲУВИЯТИ ЗАНОН ДАР ТАЪЛИМОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир карда шуд
Нашр шуд. Душ, 06/03/2023 - 09:55
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Симои миллӣ ва ҳувияти занон дар таълимоти Пешвои миллат» байни собиқадорон, коршиносон, олимону сиёсатмадорон ва фаъолзанону ҷавонон конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор шуд, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Зимни он тазаккур дода шуд, ки сиёсати давлатии занону духтарон дар мадди назари Ҳукумат ва таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифта, фароҳам овардани шароит барои иштироки ҳамаҷонибаи онҳо дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа самти афзалиятнок ба шумор меравад.

Дар шаҳри Вена ҷаласаи 8-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Австрия оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар доданд.





