Форуми байналмилалии «Помир-Инвест» имкон дод, ки ба маблағи қариб як миллиард сомонӣ шартномаҳо ба имзо расонида шаванд
Нашр шуд. Сеш, 28/02/2023 - 09:30
Соли 2022 бо мақсади ҷалби ҳарчӣ бештари сармоя дар шаҳри Хоруғ Форуми байналмилалии сармоягузории «Помир-Инвест» доир гардид, ки дар натиҷа ҷиҳати рушди соҳаҳои гуногуни вилоят ба маблағи қариб як миллиард сомонӣ шартномаҳо ба имзо расиданд, ки ин бесобиқа мебошад. Ин матлабро роҳбарияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 25 феврал зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Тазаккур дода шуд, ки то имрӯз дар чаҳорчӯби ин шартномаҳо 12 лоиҳа ба маблағи 160 млн сомонӣ амалӣ гашта, дар 7 лоиҳа ба маблағи 665 млн сомонӣ корҳо идома доранд.

Ҷоизаи Раиси шаҳри Душанбе барои муҳаққиқони ҷавон дар самти илмҳои дақиқ, адабиёт, рӯзноманигорӣ, санъат, меъморӣ, техникаву технология ва инноватсияву ихтироъкорӣ таъсис ёфт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе хабар доданд.
24 феврал дар шаҳри Куала Лумпури Малайзия маросими супоридани ҷоизаҳо зери унвони «Top Asia Corporate Ball 2023» аз рӯи натиҷаи овоздиҳии хонандагони яке аз расонаҳои маъруфи малайзиягӣ- «RHA SDN BHD» баргузор шуд, ки дар он Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби ҷоизаи «Мамлакати ҷолибтарини Осиё барои саёҳати кӯҳнавардӣ» гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Тоҷикистон дар Малайзия хабар доданд.




