Амалиёти низомии «Марз-2021» бори дигар собит намуд, ки Тоҷикистон дорои неруи пуриқтидори ҳарбӣ аст
Нашр шуд. Ҷум, 24/02/2023 - 09:48
Ягон давлат бе Артиши миллии муқтадир ва муҷаҳҳаз пойдор нест. Мояи ифтихор аст, ки дар натиҷаи ғамхорию дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллии мамлакат соҳиби инфрасохтори замонавӣ, техникаву таҷҳизоти муосири ҳарбӣ ва кадрҳои миллии афсарии дорои тахассуси олӣ мебошанд. Чунин иброз доштааст котиби матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд Маъмури Юсуфзод дар мақолаи хеш бахшида ба 30-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба унвони АМИТ «Ховар» расидааст.

13 сол қабл, 23 феврали соли 2010 дар иҷлосияи 64-уми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба ҷашни Наврӯз мақоми байналмилалӣ дода шуд. Тибқи маълумоти расмӣ, Наврӯз ҳоло дар 13 мамлакати ҷаҳон чун иди расмии миллӣ бо рӯзҳои истироҳат таҷлил карда мешавад. Дар ин хусус хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.
23 феврал дар Кохи Борбад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ карданд.
Муҳтарам генералҳо, афсарон ва сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ!



