Суханронӣ ба ифтихори 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Нашр шуд. Пан, 23/02/2023 - 17:06
Муҳтарам генералҳо, афсарон ва сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ!
Ҳозирини гиромӣ!
Имрӯз аз таъсисёбии Артиши миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки яке аз рукнҳои асосии давлатдории навини тоҷикон мебошад, сӣ сол сипарӣ мегардад.
Ба ин муносибат тамоми хизматчиёни ҳарбӣ ва собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро, ки тайи се даҳсола ҳимояи истиқлолу озодии кишвар, ҳифзи марзу буми Ватан, суботу оромӣ ва амнияти давлату ҷомеаро ҳамчун сипари боэътимод таъмин карда, дар бунёди ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ саҳми басо арзишманд гузошта истодаанд, самимона табрик менамоям.
Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон зодаи даврони истиқлол ва яке аз дастовардҳои муҳимтарини он ба ҳисоб рафта, аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ вазифаҳои муқаддасу пуршараф – ҳимояи соҳибихтиёрии давлат, таъмин намудани сулҳу субот, ҳифзи амнияти давлат ва ҷомеа ба дӯши онҳо гузошта шуданд.

«Ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои об, тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо» — таҳти чунин унвон 20 феврал дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ибтикори Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ доир карда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳо» хабар медиҳад.
Спустя тысячи лет после распада Государства Саманидов, к счастью, у наследников этой династии появилась возможность построить собственную государственность.



