ФИЛМИ «ҶОМӢ ВА НАВОӢ». Нимаи дуюми соли равон банаворгирии он оғоз меёбад

Нимаи дуюми соли 2023 банаворгирии филми «Ҷомӣ ва Навоӣ» оғоз мегардад. Ин матлаб 17 феврал зимни мулоқоти маҷозии намояндагони Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва Агентии миллии «Узбеккино» баён гардид. Дар ин хусус  ба АМИТ «Ховар» дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» иттилоъ доданд.

Дар мулоқот оид ба масъалаҳои ба итмом расонидани корҳои таҳрири филмнома, филмномаи коргардонӣ, тасдиқи хароҷоти филм, баргузор кардани интихоб ва оғози филм изҳори назар карда шуд.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки ҳафтаи оянда байни муассисаҳои номбаршуда «Харитаи роҳ» ба имзо расонида мешавад.

Ёдовар мешавем, ки ҳангоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 10-11 июни соли 2021 анҷом дода шуд, Сарони давлатҳо барои банаворгирии филм, яъне муаррифии дӯстии байни халқҳо, аз ҷумла дӯстӣ байни Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ ба мувофиқа расиданд.

Ҳамчунин дар доираи баргузории  ҷашнвораи байналмилалии филмҳои Тошканд, ки аз 28 сентябр то 3 октябри соли 2022  дар якчанд шаҳри Узбекистон баргузор гардид,   байни Агентии кинематографияи Ҷумҳурии Узбекистон ва Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Ёддошти банаворбардории филми муштараки бадеии «Ҷомӣ ва Навоӣ» ба имзо расид.

ИҚДОМИ БАШАРДӮСТОНА. Пешвои миллат ба зарардидагони зилзилаи шадид дар Сурия кумак намуданд

Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зарардидагони зилзилаи шадид дар Ҷумҳурии Арабии Сурия кумаки башардӯстона фиристода шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Кумаки башардӯстона аз маводи зарурии  хӯрокворӣ, аз қабили орд, равған, шакар, биринҷ, макарон ва оби нӯшокӣ иборат мебошад.

Дар баробари ин ба мардуми аз офати табиӣ зарардидаи  Сурия либосу пойафзоли зимистона, кӯрпаю болишт, кати хоб, хаймаҳо, ҷиҳози хоб, рӯйпӯшҳо, ниқобҳои муҳофизатӣ ва маводи антисептикӣ дастрас карда шуд

Ҳаҷми умумии кумаки башардӯстонаи ҷониби Тоҷикистон ба мардуми зарардидаи Ҷумҳурии Арабии Сурия 50 тоннаро ташкил медиҳад.

Кумак бо дастури  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз  ҷониби Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омода гардида, тавассути ҳавопаймоҳои махсус  ба Сурия фиристода шуд.

АМИТ «Ховар»

Бо дастури Президенти Тоҷикистон ба оилаҳои аз офати табиӣ зарардидаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кумак фиристода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба оилаҳои аз офати табиӣ зарардидаи шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кумак иборат аз либоси зимистона, пойафзол, маводи ғизоӣ, печи аловӣ, кат бо ҷиҳози хоб ва дигар лавозимоти зарурӣ фиристода шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар Гаага Брифинг оид ба Конфронси оби СММ баргузор гардид

17 феврали соли 2023 дар шаҳри Гаага Брифинги муштараки Подшоҳии Нидерланд ва Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба омодагиҳо ба Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба баррасии миёнамӯҳлати Даҳсолаи об баргузор гардид. Брифингро директори генералии ҳамкориҳои байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии Нидерланд хонум Китти ван дер Ҳейден ва сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Нидерланд Эркинхон Раҳматуллозода ҳусни оғоз башиданд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод.

Страницы