ПАЁМИ ШОДБОШИИ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии соли нави мелодии 2023
Нашр шуд. Шан, 31/12/2022 - 13:40Ҳамватанони азиз!
Ҳамаи шумо – мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиро ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2023 самимона табрик мегӯям.
Ба хонадони ҳар яки шумо бахту иқболи нек, рӯзгори осуда ва барору комёбӣ орзу менамоям.
Соли 2022 барои Тоҷикистони мо боз як соли хотирмону таърихӣ ба ҳисоб меравад.
Бо вуҷуди таъсири манфии буҳрони иқтисодиву молиявӣ ва дар шароити бисёр мураккабу ҳассоси ҷаҳони муосир дар соле, ки сипарӣ гардида истодааст, рушди устувори иқтисоди миллӣ ба хотири расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат ба андозаи 8 фоиз таъмин гардид, ки ин яке аз нишондиҳандаҳои беҳтарин мебошад.