14 ФЕВРАЛ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲАДЯИ КИТОБ. Тақдими китоби «Тоҷикон» ба аҳолии Тоҷикистон туҳфаи арзишманду таърихӣ маҳсуб мешавад

Ҳамасола 14 феврал дар ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳадяи китоб (International Book Giving Day) таҷлил карда мешавад. Дар Тоҷикистон низ дар ин  рӯз барномаҳои гуногуни маърифатӣ доир мегардад. Дар оммавигардонии рӯзи тақдими китоб  кормандони китобхонаҳо, нашриётҳо ва муассисаҳои илмии Тоҷикистон  фаъол мебошанд.

Бояд тазаккур дод, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ҳамешагӣ ба рушду нумӯи соҳаи китобдорӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Ҳамин аст, ки бо Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ марҳила ба марҳила аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар оила китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров туҳфа карда шуд.

««ТОҶИКОН»–ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ». Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон даври умумидонишгоҳии озмун оғоз ёфт

13 феврал дар Донишгоҳи  миллии Тоҷикистон даври умумидонишгоҳии Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон»–оинаи таърихи миллат» оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хабар доданд.

Ректори донишгоҳ, профессор Қобилҷон Хушвахтзода изҳор дошт, ки Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони миллати тоҷик дар тӯли таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, таҳкими ҳофизаи таърихӣ ва ба ин васила, шинохти нақши халқи куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, ки бо далелҳои раднопазир ва бо такя ба сарчашмаҳои илмию таърихӣ дар китоби мондагору пурарзиши академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» ва дигар асарҳои таърихӣ инъикос ёфтаанд, ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров гузаронида мешавад.

Зимнан таъкид гардид, ки озмун аввал дар факултетҳо гузаронида шуд, ки дар он 1423 нафар иштирок карда, 158 довталаби арзанда бо пешниҳоди ҳайати ҳакамони факултетҳо ба даври умумидонишгоҳӣ роҳ ёфтанд. Ғолибони ин давр ба даври ноҳиявию шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ пешниҳод мешаванд.

Маҳфил дар Кумита: Куруши Кабир ва шахсияту корнамоиҳои он

Дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин маҳфили “Хирадмандон” дар соли 2023 гузаронида шуд, ки дар он роҳбари маҳфил, узви Иттифоқи нависандаогни Тоҷикистон Сипеҳр Абуабдуллоҳи Ҳасанзод, аъзои маҳфил ва дигар меҳмонон иштирок доштанд.

Нахуст, роҳбари маҳфил мавзуи баррасишавандаро муаррифӣ намуда, гуфт, ки дар таърихи ҳар миллат шахсиятҳои барҷастае пайдо мешаванд, ки маданияти моддиву маънавии онро ба сатҳи тозаву баланди тараққиёт мерасонанд ва фарҳангу тамаддунашро ба арсаи ҷаҳонӣ мебардоранд. Барои мо чунин шахсият Куруши Кабир буд, ки ба нахустин империяи мутамаддини ориёӣ бунёд гузоштааст.

ЮНЕСКО дар бораи маҳдуд будани дастрасии қариб сеяки мактабҳои ҷаҳон ба оби тозаи ошомиданӣ хабар медиҳад

Созмони СММ оид ба масоили маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал овард, ки ба ғизои мактабӣ ва саломатии мактаббачагон таваҷҷуҳи бештар зоҳир кунанд, дар ҳоле ки тақрибан сеяки муассисаҳои таълимӣ дар саросари ҷаҳон ба оби ошомиданӣ дастрасӣ надоранд. Гузориши марбут ба «Омодаи таҳсил ва рушд мебошем- саломатӣ ва ғизо дар мактабҳои саросари дунё» 8 феврал нашр шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад.

“Ҳамин тавр, 584 миллион кӯдак ба хизматрасониҳои одии оби ошомиданӣ дар мактабҳо дастрасии маҳдуд доранд ё тамоман надоранд; 2 нафар аз 5 тан чунин кӯдакон дар кишварҳои Африқо дар ҷануби Сахара зиндагӣ мекунанд. Ва дар ҳоле ки тақрибан дар ҳама кишварҳои ҷаҳон хӯроки мактабӣ таъмин мешавад, тахмин карда мешавад, ки 73 миллион кӯдакони осебпазир то ҳол аз ин барномаҳои маҳаллии ғизодиҳии мактабӣ баҳра намебаранд,», изҳор доштанд дар ЮНЕСКО.

Страницы