САҲИФАИ НАВИ РУШДИ ҶУДО ДАР ТОҶИКИСТОН. Федератсияи ҷудои Тоҷикистон ва ташкилоти «J-Sport»-и Ҷопон созишнома имзо карданд
Нашр шуд. Ҷум, 10/02/2023 - 11:36
9 феврал дар Душанбе маросими баимзорасони Созишнома байни Федератсияи ҷудои Тоҷикистон ва ташкилоти «J-Sport»-и Ҷопон баргузор шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Созишномаро раиси Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Исмоил Маҳмадзоир ва роҳбари ташкилоти «J-Sport», профессори ҷопонӣ Озикей Такахисо имзо карданд.
Тавре тазаккур дода шуд, ин созишнома дар рушди варзиши ҷудо дар Тоҷикистон саҳифаи нав боз мекунад ва барои татбиқи ғояҳо ва барномаҳои нав заминаи мусоид мегузорад.
Пас аз имзои созишнома бо иштироки роҳбарияти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, «J-Sport» ва мураббии ҷопонӣ оид ба ҷудо Тамура Тори нишасти матбуотӣ баргузор гардид.


Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» чун ҳамеша, фарогири рӯҳияи баланди ватандӯстиву ватанпарастӣ мебошад. Таъкидҳо ва роҳнамоиҳои Президенти мамлакат, таваҷҷуҳи хосса зоҳир карданашон ба тарбияи ватандӯстонаи мардуми тоҷик моро муваззаф месозад, ки дар ин радиф иқдом ва ташаббусҳои тозаро пеш гирем. Хусусан қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» аз 24 декабри соли 2022 метавонад дар ин ҷода роҳнамои мо бошад. Чунин изҳори андеша намудааст Шоири халқии Тоҷикистон, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол НАСРУЛЛО дар мавриди мафҳуми Ватан ва ватандӯстӣ.




