Ахбор

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави таълимӣ ва хобгоҳи Мактаб-интернати ноҳияи Қубодиёнро ба истифода доданд

1 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави таълимӣ ва хобгоҳи Мактаб-интернати ноҳияи Қубодиёнро ба истифода доданд.

Иншооти иҷтимоӣ дар заминаи дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби сармоя барои 480 ҷойи нишаст сохта шудааст.

Дар синфхонаҳои фанни физика, кимиё, биология ва компютерӣ хонандагон метавонанд фанҳои дақиқро дар шароити муосир аз худ намоянд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Қубодиён майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

1 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Исмоили Сомонии ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Парчами давлатӣ ва гулгашти атрофи он дар доираи тадбирҳои ободонӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шафати бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён қомат афрохта, барои тақвияти эҳсоси худшиносиву худогоҳии сокинон ва баргузории чорабиниҳои гуногуни ноҳиявӣ макони мувофиқ ба ҳисоб меравад.

Баландии пояи Парчами давлатӣ 46 метр, дарозӣ ва паҳноии матои он 12 бар 6 метрро ташкил медиҳад.

Ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

jalasa-1.jpg

1 ноябри соли 2022 ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар ҷаласа масъалаҳо оид ба вазъи таҳияи барномаҳои иттилоотию таҳлилӣ дар шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ, фаъолияти дастаҳои ҳунарӣ, раванди ба формати рақамӣ гузаронидани маводи бойгонӣ ва дигар масъалаҳои мубрам мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Страницы