Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Нашр шуд. Душ, 06/02/2023 - 17:29
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Туркия муҳтарам Реҷеп Тайип Эрдоган барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Ҷаноби Олӣ,
Хабари ба ҳалокат расидан ва ҷароҳат бардоштани шумораи зиёди одамон, ҳамчунин хисороти азими моддӣ бар асари заминларзаи шадид дар минтақаҳои ҷанубу шарқии Туркия боиси андўҳи амиқи мо гардид.


Тоҷикистон давоми беш аз 31 соли соҳибистиқлолӣ дар соҳаҳои мухталиф ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, дар байни давлатҳои мутараққии олам мақоми шоиста касб намуд ва феълан ҳамчун мамлакати дар ҳоли рушду тавсеа ва ташаббускор эътироф гардидааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз чандсолаҳо муқаддам набзи ҷаҳони муосирро дарк карда, ба ташаббусҳои ҷиддӣ иқдом намуданд, то ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мушкилоти пешомада бетараф набошад. Чунин баён доштааст муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ дар мақолаи хеш, ки ба унвони АМИТ «Ховар» расид.
Соли 2022 дар қаламрави ҷумҳурӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 199 бинои муаcсисаи таҳсилоти умумӣ ва бинову синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои 44 ҳазору 910 ҷойи нишаст дар як баст сохта, ба истифода дода шуд. Дар ин хусус 2 феврал Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.



