ФАВРӢ! Роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ кушода шуд

Субҳи имрӯз пас аз бартараф кардани пайомадҳои тарма роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ барои нақлиёти сабукрав кушода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба филиали «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

«Ҳаракати нақлиёти сабукрав аз Душанбе ба самти Хуҷанд оғоз гардида, минбаъд гузариши нақлиёт аз ду ҷониб иҷозат дода мешавад», — тазаккур доданд дар филиали ширкат.

Ҳамчунин филиали «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ронандагон хоҳиш менамояд, ки зимни сафар тавассути роҳи мазкур эҳтиёткор бошанд ва ҳангоми ҳаракат эҳтироми ҳамдигарро ба ҷо оранд.

Бино ба пешгӯии Агенти обуҳавошиносии Тоҷикистон, дар баъзе минтақаҳои мамлакат то 4 феврал ҳавои номусоид ва хатари фаромадани тарма боқӣ мемонад.

Ёдовар мешавем, ки шоми 1 феврал дар километрҳои аз 52 то 73-юми роҳи Душанбе — Чаноқ 45 тармаи хурду бузург фаромад, ки дар натиҷа ҳаракати тамоми намуди нақлиёт қатъиян манъ карда шуд.

АМИТ «Ховар»

««ТОҶИКОН» – ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ». Шоҳҷоиза барои ғолибон дар ҳар гурӯҳи ин озмуни ҷумҳуриявӣ 70 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст

Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии  ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» аз рӯйи чор гурӯҳ ва як номина соҳиби мукофотпулӣ дар ҳаҷми аз 25 ҳазор сомонӣ то 50 ҳазор  сомонӣ мешаванд. Шоҳҷоиза барои ғолиб дар ҳар гурӯҳ 70 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар Тоҷикистон моҳи феврали соли 2023  даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат»  дар муассисаҳои таълимӣ ва ташкилоту

Шарҳи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2023

02.02.2023 09:05, шаҳри Душанбе

Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» таҳти cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида, он бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо баргузор мегардад.

Соли 2023 бори аввал озмун миёни хонандагони муассисаҳои типи нав (литсейҳо ва гимназияҳо) ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар алоҳидагӣ баргузор мегардад. Вобаста ба ин, шумораи ҷойҳои ифтихорӣ 42 адад зиёд гардида, миқдори умумии онҳо 132 ададро ташкил медиҳад

Ҳамчунин ҷиҳати ҷалби васеи иштирокчиён ба озмун соли ҷорӣ дар ҳамаи номинатсияҳо ғолибони ҷойи 3-юм аз ду нафар ба се нафар зиёд карда шуда, шумораи ҷойҳои ифтихорӣ аз рӯйи ҳар як номинатсия ба 6 адад расонида шуд.

АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

1. Соли 2023 озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор карда шавад.
2. Низомнома, ҳайати комиссия ва ҷоизаҳои озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2 ва 3).
3. Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, саноат ва технологияҳои нав, рушди иқтисод ва савдо, кишоварзӣ, кумитаҳои телевизион ва радио, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд доир гардидани озмуни мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.
4. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ иҷрои талаботи амри мазкурро таъмин намуда, барои ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён, аспирантону докторантон ва қишрҳои дигари ҷомеа, ки ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, инчунин ихтироъкориву навоварӣ шавқу рағбат доранд, чораҷӯӣ карда, ғолибонро бо ҷоиза ва омӯзгорони онҳоро аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ ҳавасманд гардонанд.
5. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои соли 2023 пешбинӣ гардидаанд, ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ кардани чорабинии мазкур 4 085 000 (чор миллиону ҳаштоду панҷ ҳазор) сомонӣ ба таври нақд ҷудо намояд.

Страницы