Ахбор

Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад

16 сентябри соли 2022, тахминан соати 04:50-дақиқаи субҳ, сарҳадбонони дидбонгоҳи сарҳадии «Коктош»-и отряди сарҳадии Боткени Ҷумҳурии Қирғизистон аҳдшиканона бо истифода аз силоҳҳои вазнин дидбонгоҳи сарҳадии «Душанбе»-и отряди сарҳадии Исфараи Ҷумҳурии Тоҷикистонро гулӯлаборон карданд. Ҳамзамон, хизматчиёни низомии Қирғизистон бо истифода аз силоҳҳои вазнин деҳаҳои аҳолинишини Хоҷаи Аъло, Қуммазор, Сурх, Сомониён, Кулканди шаҳри Исфара, Хистеварз ва Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро мавриди ҳамлаи мусаллаҳона қарор доданд.  Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Суди олии Русия Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро* террористӣ эътироф кард

14 сентябр Суди олии Русия Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон* (ҲНИТ)-ро ташкилоти террористӣ эътироф ва фаъолияти онро дар қаламрави Федератсияи Русия манъ кард. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора рӯзи чоршанбе нашрияи «Известия» хабар дод.

Маҷлиси тантанавӣ ба муносибати 31-солагии Истиқлолияти давлатӣ

Имрўз дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва намояндагони сохторҳои Кумита маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Нахуст Раиси Кумитаи телевизион ва радио назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид ҳизиринро ба муносибати ин ҷашни муқаддас табрику таҳният гуфта, доир ба моҳият ва аҳаммияти истиқлолияти давлатӣ дар шароити пуртазоди ҷаҳони муосир ва нақшу вазифаҳои ВАО, бахусус, телевизион ва радиои давлатӣ дар ташаккул ва таҳкими арзишҳои истиқлолият суханронӣ намуд.

Истиқлолияти давлатӣ - неъмати бебаҳо


Ба истиқболи 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Гузашти марҳилаҳои давр бо назардошти афзун гардидани маҳву аз миёнрабоии фарҳангу тамаддунҳо дар равиши як даҳаи охир, масоили арзишҳои ҳастӣ ва мавҷудияти буду боши қисме аз кишварҳои оламро зери шубҳаву ногузир гузошта, фаъолияташонро дар масири таърих гаронтару мушкилтар менамояд. Зеро гузашти равишҳои башарӣ аз давраҳои дури дур то ба ин замонҳо собит намудааст, ки дар низоми ташаккули давлатдориву давлатсозӣ ҳеҷ як дастоварди аслӣ, бидуни соҳибистиқлолии комил моҳияти устувору арзишҳои бунёдӣ надорад.

Страницы