Ахбор

Телевизиони «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ба пахши моҳворавӣ пайваст гардид

Шурӯъ аз 1 сентябри соли равон телевизиони «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар саросари Тоҷикистон тавассути моҳвораи «YAHSAT» дар ҳаҷми 16 соат пахш мегардад, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» муовини аввали Директори телевизиони мазкур Умед Шарифзод.

Дар аввал пахши барномаҳои телевизиони «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бо фарогирии мавҷи ноқилӣ пешкаши тамошобинон карда мешуд.

Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушду нумўи санъати рақсии тоҷик барои қабули духтарони боистеъдод ба ҳайати ансамбли рақсии «Гулрез» Озмун эълон менамояд.

ШАРТҲОИ ОЗМУН

1. Духтарони дорои  майл ва қобилияти хуби  рақскунӣ;
2. Шунавоии мусиқӣ ва маҳорати саҳнавӣ;
3. Иҷроиши як рақс дар мавзўи озод;
4. Дар озмун духтарони аз синни 14 то 25 сола иштирок карда метавонанд.

БА ОЗМУН ҲУҶҶАТҲОИ ЗЕРИН ПЕШНИҲОД КАРДА МЕШАВАНД:
1. Ариза ба унвони роҳбари мақомот (шакли муқарраршуда);

Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои қабули овозхонон ва мутрибон ба ҳайати ансамбли эстрадии «Ориё» озмун эълон менамояд.

ШАРТҲОИ ОЗМУН

1. Иҷроиши 2 суруд дар мавзўи озод бо риояи тамоми талаботҳои жанри эстрада;
2. Сурудҳо бояд малакаи овозхонӣ, диапазон, шунавоии мусиқӣ ва маҳорати саҳнавиро фаро гиранд;
3. Иҷроиш дар сози мусиқии эстрадӣ ва аврупоӣ (флейта, труба, тромбон, саксофон, кларнет, фагот, фортепиано, гитара, аккордеон, баян, скрипка, виолончел, созҳои зарбӣ, синтезатор ва ғ.) аз эҷодиёти композиторони тоҷик, мусиқӣ ва  жанрҳои эстрадӣ

Самандар Искандарзода директори телевизиони «Тоҷикистон» таъйин шуд

Имрӯз дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо фармоиши Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Самандар Искандарзода ба вазифаи директори шабакаи телевизиони «Тоҷикистон» таъйин гардид.

Самандар Искандарзода дар ин вазифа Раҳматулло Хайруллозодаро иваз кард, ки соли 2020 директори шабакаи аввали телевизиони кишвар таъйин шуда буд.

Самандар Искандарзода аз соли 2009 дар шабакаи телевизиони «Тоҷикистон» кор намудааст. Дар Идораи барномаҳои иттилоотӣ муҳаррири хурд, муҳаррир, муҳаррири калон ва муовини сармуҳаррир буд.

Страницы