Дар Душанбе вохӯрии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор гардид

Аз 23 то 30 январи соли 2023 дар шаҳри Душанбе вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории Комиссияи муштараки демаркатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.  

Зимни вохӯрӣ масъалаҳои гузариши хатти лоиҳавии демаркатсионии сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Узбекистон, инчунин раванди технологии омода намудани харитаҳои демаркатсионӣ муҳокима гардид.

Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ гузашт.

Аз натиҷаи вохӯрӣ Протоколи дахлдор ба имзо расид.

Вохӯрии навбатӣ дар Ҷумҳурии Узбекистон барпо мегардад.

Нишасти матбуотӣ: «Дар Тоҷикистон то танзими нархи маҳсулоти кишоварзӣ содироти баъзе намудҳои он қатъиян манъ карда шудааст»

Дар Тоҷикистон то ба танзим даровардани нархи маҳсулоти кишоварзӣ содироти баъзе намудҳои он, аз ҷумла картошка, пиёз,  инчунин тухм  манъ карда шудааст. Ин матлабро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Вазири кишоварзии мамлакат  Қурбон Ҳакимзода баён дошт.

Тибқи иттилои Вазири кишоварзӣ, барои замина гузоштан ба ҳосили соли 2023 дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ кишти картошкаи барвақтӣ дар майдони 1706 гектар, сабзавоти барвақтӣ дар майдони 13378 гектар, аз он пиёз 9828 гектар, карам 816 гектар, сабзӣ 1812 гектар, сирпиёз 60 гектар ва дигар сабзавот дар майдони 866 гектар гузаронида шудааст. Кишти картошкаи барвақтӣ ба 89,2 фоиз ва сабзавоти барвақтӣ ба 109,2 фоизи ҳамин давраи соли гузашта баробар мебошад.

Хадамоти алоқа: «Дар Тоҷикистон барои баланд кардани суръати интернет пойгоҳҳои заминавӣ насб карда мешаванд»

Хадамоти алоқаи мамлакат бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки  дар Паёми солона  ба Маҷлиси Олӣ  ҷиҳати беҳтаргардонии хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ  ва дастрас гардонидани интернети баландсуръат дода буданд, шумораи маҷмӯи истгоҳҳои барқии базавӣ, яъне пойгоҳҳои базавиро дар ҷумҳурӣ зиёд менамояд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ муовини Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Атоев ибрози назар намуд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Ба гуфтаи Илҳомҷон Атоев, тибқи нақшаи тасдиқгардида  айни замон пойгоҳҳои зикршуда  ба мамлакат ворид карда шуда истодаанд. Инчунин марҳилаи якуми  насби онҳо, ки корҳои санҷишӣ- техникӣ, аниқ намудани ҷойи иловагии  насби онҳоро дар бар мегирад, дар шаҳри Душанбе муайян карда мешавад.

Номбурда дар мавриди  паст намудани нархи интернет ба хабарнигорон иброз дошт, ки дар ин самт  корҳои иқтисодӣ ва технологӣ бо вазорату идораҳои марбутаи мамлакат ба роҳ монда шуда, рӯзҳои наздик амалӣ карда мешаванд. Албатта, баъд аз корбарӣ  нархи интернет паст мегардад.

Дар Алҷазоир ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи машваратии гурӯҳи парлумонҳои давлатҳои Осиё иштирок кард

29 январ дар доираи сафари кории ҳайати  парлумони  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Халқии Демократии Алҷазоир Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода дар ҷаласаи машваратии гурӯҳи парлумонҳои давлатҳои Осиё иштирок намуд.  

Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, зимни ҷаласа Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари парлумонҳои Қазоқистон, Бангладеш ва Туркия аъзои комиссияи иқтисодии Иттиҳоди парламентии Созмони ҳамкории исломӣ интихоб гардид.

29 январ ҳамчунин ҷаласаи кумитаи умумии Иттиҳоди парлумонии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ баргузор гардид, ки дар кори он низ раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот ва сардори раёсати робитаҳои хориҷӣ, байнипарлумонӣ, ташрифотӣ ва ташкили кори Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон иштирок намуданд.

Страницы