МАРҲАМАТ БА ҶАШНГОҲ! Пагоҳ дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абдулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе иди Сада таҷлил мегардад

Пагоҳ, 29 январ дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абдулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе иди Сада ва намоиши ниҳолҳою тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад. Дар ҷашнгоҳ гулхани баргу, ки рамзи ин ид мебошад, афрӯхта мешавад. Инчунин дар ин рӯз гӯшаи тавсияи олимону мутахассисон оид ба омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ, намоиши ҳама гуна олоти кории кишоварзӣ, хони пурнозу неъмат, муаррифии ҳунарҳои мардумӣ, намоиш ва фурӯши ниҳолҳои мевадиҳандаву сояафкан, гулу буттаҳои ҳамешасабзи ороишӣ, тухмиҳои зироати кишоварзӣ ва дигар маҳсулоте, ки ҷашни Садаро ифода  мекунанд, пешниҳод мегарданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар ин рӯз аз ҷониби Вазорати кишоварзии мамлакат тақдими ҷоизаҳо ба фаъолони соҳа низ дар назар дошта шудааст. Сокинони пойтахт имкон доранд, ки аз ин ҷашнгоҳ гулу бутта ва ниҳолҳои гуногунро бо нархи арзон харидорӣ намоянд.

Бояд гуфт, ки дар ҷумҳурӣ ҳамасола иди Сада бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад, зеро он таърихи аз 3000 то 5000-соларо дорост. Калимаи Сада аз забони мардуми ориёии қадим гирифта шуда, оташро ифода менамояд.

Ҷаласаи ҳайати мушовараи Кумита

27 январи соли 2023 ҷаласаи ҳайати мушовараи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар рафти ҷаласа як қатор масъалаҳои рӯзмарра, аз ҷумла рафти Татбиқи марҳилаи дуюми «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», таҳия, истеҳсол, тарҷума, дубляж ва пахши филмҳои ватании тарбиявӣ, ҳунарӣ, ва кўтоҳметраж, филмҳои мустанад, илмӣ-оммавӣ, аниматсионӣ ва силсилафилмҳо, такмилу дигаргунсозии шаклу услуби пешниҳоди барномаҳо бо истифода аз методологияи нав ва ҷолиб барои байни кўдакону наврасон, беҳтар намудани ҷараёни эҷодӣ дар барномаҳои телевизионӣ ва гуфторҳои радиоӣ, ҷустуҷўи усулҳои самарабахши барномаҳои телевизионӣ  ҳамчун воситаи ташаккули шахсияти кўдак, ҳифзи он аз таъсири маълумоти номатлуб ва робитаи бевоситаи хурдсолон бо телевизион  мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Зимни баррасии нақши филмҳои аниматсионӣ, бахусус маводи истеҳсоли ватанӣ муҳим дониста шуда, ҷиҳати тақвият бахшидани корҳо дар ин самт ба сохторҳои дахлдор дастурҳои лозима дода шуд.

Гурӯҳи давлатҳои аъзои СҲИ аз номзадии Тоҷикистон барои касби узвияти ғайридоимии Шӯрои амнияти СММ ҷонибдорӣ намуд

25 январ дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид ҷаласаи Гурӯҳи давлатҳои аъзои  Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) баргузор гардид, ки дар он номзадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун аъзои ғайридоимии Шӯрои амнияти СММ барои солҳои 2028-2029 ҷонибдорӣ карда шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Намояндаи доимии Тоҷикистон  дар СММ Ҷонибек Ҳикмат зимни муаррифии номзадии давлати мо иброз дошт, ки бо иштироки фаъол дар чорабиниҳо ва равандҳои гуногун дар доираи СММ, инчунин бо назардошти таҷрибаи беназири мамлакат вақти он расидааст, ки Тоҷикистон барои узвияти ғайридоимӣ дар Шӯрои амнияти СММ барои солҳои 2028 — 2029 номзадии худро пешбарӣ намояд.

Дар фарҷоми баррасии мавзӯи мазкур давлатҳои аъзои СҲИ якдилона ҷонибдории худро аз номзадии Тоҷикистон барои касби узвияти ғайридоимии Шӯрои амнияти СММ барои солҳои 2028-2029 изҳор намуданд.

Бояд хотиррасон кард, ки тибқи қарори махсуси иҷлосияи 48-уми  Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории исломӣ таҳти №8/48-LO, (22-23 марти соли 2022, ш. Исломобод, Ҷумҳурии Исломии Покистон) аз кишварҳои узв даъват ба амал оварда шуд, ки номзадии Тоҷикистонро дастгирӣ намоянд.

Дар Милан имконоти сармоягузорӣ ва сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ гардид

25 январ дар шаҳри Милан бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Италия (бо қароргоҳ дар Париж) имконоти сармоягузорӣ ва сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд, ки дар ин чорабинӣ зиёда аз 200 нафар соҳибкорон ва сармоягузорони итолиёвӣ иштирок намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

 Зимни ҳамоиш Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Италия Ҷамолиддин Убайдулло ба ҳозирин оид ба дастовардҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар дар даврони истиқлол, ҳадафҳои стратегӣ ва барномаҳои давлатӣ, низоми бонкӣ, фазои мусоид ва лоиҳаҳои гуногуни сармоягузорӣ, инчунин имконоти фаровони тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва сайёҳӣ маълумоти муфассал манзур намуд.

Страницы