Дар Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаи давлатии телевизиони мусиқии Тоҷикистон «Шаҳнавоз» расман ифтитоҳ гардид
Нашр шуд. Сеш, 16/11/2021 - 16:59Имрӯз дар КВД Комплекси табъу нашри “Шарқи озод” ифтитоҳи расмии муассисаи давлатии телевизиони мусиқии Тоҷикистон «Шаҳнавоз» баргузор гардид. Дар маросими ба сифати муассисаи давлатӣ дар сохтори Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пахши дақиқияти баланди рақамӣ (бо сифати FUL HD) ба фаъолият шурӯъ кардани телевизиони “Шаҳнавоз” муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода, Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид, роҳбарон ва кормандони сохторҳои кумита ширкат намуданд.