ПАЁМИ ШОДБОШИИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи милитсия
Нашр шуд. Чор, 10/11/2021 - 09:18Муҳтарам кормандон ва хизматчиёни мақомоти корҳои дохилӣ!
Ҷашни касбии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, яъне Рӯзи милитсия имсол ба рӯзҳое баробар омад, ки мардуми шарафманду сарбаланд ва тамаддунсози тоҷик санаи сарнавиштсози таърихӣ – сисолагии истиқлоли давлатии кишвари азизамонро бо тантана ва бо ифтихор аз Ватану ватандорӣ таҷлил намуда, дар фазои сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ба хотири рушду тараққиёти Тоҷикистони маҳбубамон содиқона ва софдилона заҳмат кашида истодаанд