Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти матбуотӣ пас аз музокирот бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф

Муҳтарам Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон,

ҷаноби Шаҳбоз Шариф,

Муҳтарам намояндагони васоити ахбори омма,

Хонумҳо ва ҷанобон,

Нахуст ба Шумо, Ҷаноби Олӣ Шаҳбоз Шариф, ба Ҳукумат ва мардуми бародари Покистон барои меҳмоннавозӣ ва пазироии самимӣ сидқан арзи сипос менамоям.

Рушду таҳкими муносибатҳои анъанавии дӯстона ва ҳамкориҳои судманд бо Покистон дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон ҷойгоҳи муҳим дорад.

Мо ба пешбурди бомароми онҳо аҳаммияти хосса медиҳем.

Натиҷаҳои мулоқоти сатҳи олии имрӯза ва идомаи талошҳои муштараки ҷонибҳоро дар ин ҷода муҳим арзёбӣ менамоем.

Бовар дорем, ки мувофиқаҳои бадастомада дар баробари санадҳои баимзорасида, ба муносибатҳои байнидавлатии ду кишвар такони тоза хоҳанд бахшид.

Мо дар ҷараёни суҳбати хоса ва музокирот бо иштироки ҳайатҳо доираи васеи робитаҳои байнидавлатиро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷорату иқтисод, фарҳангиву гуманитарӣ ва амниятӣ баррасӣ намудем.

Зимнан, аҳаммияти идомаи муколамаи мунтазами сиёсии эътимодбахш дар ҳамаи сатҳҳо таъкид гардид.

Тоҷикистон ва Покистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расониданд

Баъд аз фарҷоми музокироти сатҳи олӣ маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон баргузор гардид.

Ба Изҳороти муштарак Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф имзо гузоштанд.

Сипас дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф санадҳои зерини ҳамкорӣ ба имзо расиданд:

— Созишномаи тиҷорати транзитӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон;

— Ёддошти тафоҳум дар бораи барқарор намудани муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Исломободи Ҷумҳурии Исломии Покистон;

— Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи саноат ва технологияҳои нав;

— Ёддошти тафоҳум байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Исломии Покистон (Идораи федеролии пардохтҳои Покистон) оид ба ташкили мубодилаи электронии маълумот;

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Покистон бо иштироки ҳайатҳои васеи ду ҷониб

14 декабр ҳамчунин мулоқоту музокироти сатҳи баланди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон бо иштироки ҳайатҳои васеи расмӣ идома ёфт.

Дар оғози музокирот эътимоди сиёсии дуҷониба заминаи устувори муносибатҳои шарикӣ ва асоси рушди тамоми маҷмӯи ҳамкориҳои Тоҷикистону Покистон маънидод гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки тақвияти минбаъдаи муносибатҳои гуногунҷанба байни Тоҷикистону Покистон дар баробари ҷавобгӯи манфиатҳои ду давлат будан, ҳамчунин омили муҳими ҳифзи суботу амният ва рушди минтақа низ ба ҳисоб меравад.

Дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор доштани муносибатҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат ва нақлиёту энергетика таъкид гардида, дар ин замина барои рушду таҳкими бештари муносибатҳо дар ин самтҳо баргузории ҷаласаҳои пайвастаи Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмиву техникӣ зарур шуморида шуд.

Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Покистон оғоз гардид

14 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Исломобод — пойтахти Ҷумҳурии Исломии Покистон шуданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Исломобод горди фахрӣ саф ороста, Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми кишвари мизбон бо самимияти олӣ истиқбол гирифтанд.

Тибқи муқаррароти сафарҳои расмӣ, ба ифтихори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тӯпхонаҳо 21 маротиба шиллик сар дода шуд.

Барои пазироии меҳмони олимақом шаҳри Исломобод бо аксҳои Сарони давлатҳои Тоҷикистону Покистон, парчамҳои ҳарду давлат ва шиору овезаҳо оро ёфта буд.

АМИТ «Ховар»

Страницы