Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси сатҳи баланд дар Тошканд дар масъалаи тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Нашр шуд. Пан, 08/12/2022 - 12:06
Ҳайати Тоҷикистон таҳти сарварии муовини якуми Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании кишвар Ҳотамшо Латифзода дар Конфронси сатҳи баланд оид ба тағйирёбии иқлим: «Аз донишҳои глобалӣ ба ҳалли маҳаллӣ: муассисаҳои ба иқлим тобовар дар Осиёи Марказӣ», ки дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардид, иштирок намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ хабар доданд.
Ҳотамшо Латифзода иброз дошт, ки «мо дар давраи тағйирёбии иқлим зиндагӣ дорем, ки ба ҳама таъсир мерасонад. Тағйирёбии иқлим- ин таҳдид ва боз суръатбахши ҳамкории ҷаҳонӣ мебошад. Он ба ваҳдати мардум ва ҳамкорӣ дар самти рушди устувори ҷаҳонӣ бо дарназардошти мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим мусоидат мекунад».
Бояд гуфт, ки ба ҳайати Тоҷикистон намояндагони Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, Вазорати кишоварзӣ, Вазорати энергетика ва захираҳои об, Агентии обуҳавошиносӣ, Вазорати корҳои хориҷӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд шомил мебошанд.

«Рушди ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби СААД- омили аслии таъмини амният дар минтақа аст»,- изҳор доштанд зимни суханронӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи якҷояи Шӯро ва ҷаласаи пленарии понздаҳуми Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (АП СААД), ки дирӯз 5 декабр дар толори «Колонний»-и Хонаи иттифоқҳои Москва баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти АП СААД хабар доданд.
«Натиҷаҳои ҷаласаи АП СААД ба татбиқи босамари вазифаҳое, ки дар назди Созмон истодаанд, ҷиҳати таъмини амният ва субот дар минтақаи масъулияти СААД мусоидат хоҳанд кард»,- иброз намуданд Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ.




