Ба истифода додани корхонаи банду басти меваю хушкмева, сабзавот ва боздид аз намоиши маҳсулоти корхонаҳои кишоварзӣ дар шаҳри Бохтар
Нашр шуд. Чор, 02/11/2022 - 10:252 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази вилояти Хатлон - шаҳри Бохтар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Деҳаи ман”-ро мавриди истифода қарор доданд.
Корхонаи навтаъсис ба банду басти меваю хушкмева ва сабзавот машғул буда, дорои 6 хати коркард ва банду басти маҳсулоти кишоварзӣ мебошад.
Тавре зимни боздид маълум гардид, ҷамъият бо дастгоҳҳои муосири корӣ, ки истеҳсоли Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Беларус мебошанд, таъмин буда, бо назардошти талаботи бозорҳои дохиливу байналмилалӣ маҳсулоти кишоварзиро банду баст ва барои фурӯш омода месозад.
Таҷҳизоти кории корхона ба таври автоматӣ фаъолият намуда, дар як соат имконият дорад, ки 3 тонна сабзавот ва то 120 килограмм маҳсулоти донагиро банду баст намуда, пешниҳоди харидорон созад.
Ҳоло дар корхонаи навтаъсис банду басти 14 навъи меваю хушкмева ва сабзавот роҳандозӣ гардида, дастгоҳҳои корӣ имконият медиҳанд, ки бо пайдо гардидани талабот номгӯи маҳсулот ба таври назаррас зиёд карда шавад.
70 фоизи маҳсулоти кишоварзие, ки барои банду баст ба коргоҳ ворид карда мешавад, аз хоҷагиҳои кишоварзии ҳудуди ҷумҳурӣ буда, 30 фоизи дигар, ки асосан донагиро дар бар мегирад, аз дигар кишварҳо ворид мегардад.





