Ифтитоҳи бинои маъмурӣ ва хонаҳои хизматӣ барои кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ

1 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон Бинои маъмурӣ ва хонаҳои хизматӣ барои кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба истифода супориданд.

Иншоот дар доираи тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати мамлакат аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Консол”-и шаҳри Душанбе сохта шудааст.

Корҳои сохтмонӣ дар иншоот соли 2019 оғоз гардида, бо ҷалби 35 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо сатҳу сифати баланд ва тарҳи муосир анҷом ёфтааст.

Бинои навбунёди маъмурии Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ аз 5 ошёна иборат аст.

Иншооти бо шабакаи гармидиҳӣ таъмин мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонии дар иншоот анҷомёфта баҳои баланд дода, кормандонро барои хизмати софдилона ба нафъи давлату миллат ҳидоят намуданд.

Атрофи иншоот дар идомаи тадбирҳои созандагӣ чароғон карда шуда, роҳравҳои ҳудуди он сафолакпӯш гардидаанд.  

Аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони мақомот 6 адад техникаи ҳарбикунонидашуда туҳфа гардид.

 

Ифтитоҳи Боғи марказии фарҳангию фароғатии ноҳияи Панҷ пас аз навсозӣ ва парафшонии Парчами давлатӣ

1 ноябр дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Боғи марказии фарҳангию фароғатиро пас аз навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, Парчами давлатиро дар вазъияти тантанавӣ парафшон намуданд.

Тибқи лоиҳа баландии сутунпояи Парчами давлатӣ дар ноҳияи Панҷ 34 метр буда, матои он 14 метр дарозӣ ва 7 метр паҳноӣ дорад.

Иншооти фарҳангию оммавӣ дар идомаи тадбирҳои созандаи роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарҳи муосир ва сатҳу сифати баланд аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси лоиҳаи Пажӯҳишгоҳи илмӣ - тадқиқотӣ ва лоиҳакашии “Душанбешаҳрсоз” навсозӣ ва бунёд шудааст.

Парафшон гардидани Парчами давлатӣ дар маркази ноҳияи Панҷ ҳамчун рамзи истиқлолу пойдории давлат дар идомаи арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ба симои шаҳрак зебоии хоса зам мекунад ва эҳсоси ватандӯстию хештаншиносӣ ва ифтихори миллиро дар замири сокинон, аз ҷумла наврасону ҷавонон бедор менамояд.

Роҳравҳои атроф ва ҳудуди иншоот бо санъати баланди меъморӣ дар масоҳати 2700 метри мураббаъ сафолакпӯш карда шуда, бо ниҳоли дарахтони гуногуни ороишию ҳамешасабз ва гулҳои рангоранг зиннат ёфтааст.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи ғайридавлатии таълимии «Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоии ноҳияи Шаҳритус»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

1 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон ташриф оварда, нахуст Муассисаи ғайридавлатии таълимии “Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоии ноҳияи Шаҳритус”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Коллеҷ дар маркази ноҳияи Шаҳритус аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Фузайл Қодиров бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунëд карда шудааст. Масоҳати умумии иншоот 0,30 гектарро дар бар мегирад.

Бинои коллеҷ аз се ошëна иборат буда, дорои 32 синфхонаи таълимӣ, китобхона, толор барои гузаронидани дарсҳои лексионӣ, маркази тестӣ, маҷлисгоҳ, ошхона ва дигар иншооти ëрирасон мебошад.

Муассисаи нави таълимӣ барои 400 хонанда дар як баст пешбинӣ гардида, таълим аз рӯи се ихтисос — фарматсефтӣ, кори момодоягӣ ва кори ҳамширагӣ ба роҳ монда мешавад. Дар Коллеҷ довталабон баъди хатми муассисаи таълимии миëнаи асосӣ ва миëнаи умумӣ қабул карда мешаванд.

Дар заминаи таъсис ëфтани Муассисаи ғайридавлатии таълимии “Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоии ноҳияи Шаҳритус” 60 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин гардиданд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави таълимӣ ва хобгоҳи Мактаб-интернати ноҳияи Қубодиёнро ба истифода доданд

1 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави таълимӣ ва хобгоҳи Мактаб-интернати ноҳияи Қубодиёнро ба истифода доданд.

Иншооти иҷтимоӣ дар заминаи дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби сармоя барои 480 ҷойи нишаст сохта шудааст.

Дар синфхонаҳои фанни физика, кимиё, биология ва компютерӣ хонандагон метавонанд фанҳои дақиқро дар шароити муосир аз худ намоянд.

Дар доираи солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” фароҳам шудани чунин шароит метавонад ҷиҳати баланд шудани савияи дониши хонандагон дар илмҳои дақиқ ва минбаъд равнақ ёфтани нақши илм дар истеҳсолот мусоидат намояд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насли наврасро бо истифода аз шароити фароҳамшуда барои омӯзиши ҳарчӣ бештари илмҳои дақиқ ва забонҳои хориҷӣ ҳидоят намуданд.

Хобгоҳи муассиса бо шароити зарурӣ барои 100 кат бо нуқтаҳои санитарӣ сохта шудааст. Ҳуҷраҳои хоб барои истиқомат ва дарстайёркунии хонандагон бо лавозимоти зарурӣ ҷиҳозонида шудаанд.

Дар доираи сиёсати иҷтимоӣ дастгирии ятимону бепарасторон зери таваҷҷуҳи хоссаи Сарвари давлат қарор дорад ва ҷиҳати фароҳам овардани шароити зарурӣ барои таҳсилу истиқомати онҳо тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Страницы