ҒОЛИБИЯТ МУБОРАК
Нашр шуд. Пан, 19/08/2021 - 12:51Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст” ҷамъбаст гардид. Дар рафти озмуни мазкур ғолибон муайян ва бо диплому сипоснома ва туҳфаҳои молию пўлӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Дар озмуни мазкур довталабон аз рўйи панҷ номинатсия, аз ҷумла, номинатсияи адабиёти кўдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, адабиёти классикӣ, адабиёти муосир, адабиёти ҷаҳон ва эҷоди назму наср донишу маҳорати худро нишон доданд. Дар ҷараёни ин озмун 200 нафар иштирок карда, 67 кас ба даври баъдӣ роҳхат гирифт.