Маҷлиси тантанавӣ ба муносибати 31-солагии Истиқлолияти давлатӣ
Нашр шуд. Чор, 07/09/2022 - 14:25
Имрўз дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва намояндагони сохторҳои Кумита маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Нахуст Раиси Кумитаи телевизион ва радио назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид ҳизиринро ба муносибати ин ҷашни муқаддас табрику таҳният гуфта, доир ба моҳият ва аҳаммияти истиқлолияти давлатӣ дар шароити пуртазоди ҷаҳони муосир ва нақшу вазифаҳои ВАО, бахусус, телевизион ва радиои давлатӣ дар ташаккул ва таҳкими арзишҳои истиқлолият суханронӣ намуд.
Нуриддин Саид истиқлолият ва озодиро дар сарнавишти миллати тоҷик гардиши куллӣ ва оѓози марҳалаи сифатан нави таърихӣ номида, афзуд, ки бо шарофати истиқлолияти давлатӣ миллати мо имкон пайдо кард, ки дастовардҳои таърихии худро эҳё намуда, барои таҳкими минбаъдаи пояҳои асосиии давлатдорӣ, ватандўстию худшиносӣ, ифтихори миллии мардум ва тақвияти рукнҳои асосии давлати соҳибистиқлоламон қадамҳои устувор гузорад.


Шурӯъ аз 1 сентябри соли равон телевизиони «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар саросари Тоҷикистон тавассути моҳвораи «YAHSAT» дар ҳаҷми 16 соат пахш мегардад, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» муовини аввали Директори телевизиони мазкур Умед Шарифзод.
ШАРТҲОИ ОЗМУН



