Ба созмонҳои террористию экстремистии фаромиллӣ ҳамдаст будани Ҳизби Наҳзати Исломӣ
Нашр шуд. Душ, 24/05/2021 - 15:53Дар замони муосир терроризми диннӣ як шохаи асосии фаъолияти гурӯҳу ташкилотҳои ифротиву иртиҷоӣ гардидааст, ки мутаасифона паёмадҳои ногувори он боиси ба ҳалокат расидани ашхоси гуногун, хусусан наврасону кӯдакон гардида истодааст. Амали мудҳиши террористии тӯли чанд рӯз ба вуқуъпайваста дар мактаби духтаронаи шаҳри Кобули Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар моҳи мубораки Рамазон ва арафаи Иди Саиди Фитр бори дигар собит сохт, ки ташкилоту гурӯҳҳои террористӣ, экстримистӣ душмани ашадии дини мубини Ислом ба шумор мераванд. Ин бонги изтироб ба Ташкилоти террористии экстримистии ҳизби наҳзати исломӣ мебошад, ки тарғиботи ҷосусонаи хешро берун аз кишвар дар сарзамини Аврупо ба роҳ монда истодаанд.