Гирдиҳамоиҳо ба ҷонибдории Ҷабҳаи муқовимати миллӣ
Нашр шуд. Чор, 08/09/2021 - 14:10Бино ба иттилоои шабакаи телевизионии Евронюс дар шаҳрҳои Кобул, Қандаҳор, Ғазнӣ ва дигар шаҳру вилоятҳои Афғонистон ба ҷонибдории Ҷабҳаи миллии муқовимати Афғонистон дар Панҷшер, ки роҳбарияшро Аҳмад Масъуд ба уҳда дорад гирдиҳамоиҳо доир мегарданд. Шаби 7 сентябр дар чанд шаҳри Афғонистон ҳамоишҳои оммавӣ ба ҷонибдории неруҳои муқовимати миллӣ дар вилояти Панҷшери шимоли Афғонистон баргузор шуданд, иттилоъ медиҳад рӯзномаи маҳаллии «Герат таймс».