Ҳаракати қатораҳо миёни Душанбе ва Тошканд барқарор мегардад

Дар асоси мувофиқаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев, ки  дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Узбекистон ба даст омаданд,    ҳаракати  қатораҳои мусофиркашонӣ  дар хатсайри роҳи оҳани Душанбе-Самарқанд-Тошканд-Душанбе аз 20-уми июни соли 2022   оғоз  мегардад.

РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Бори аввал дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт Фестивали об баргузор мешавад

6 июн дар ҳошияи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бори нахуст дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Наврӯзгоҳи»-и пойтахт Фестивали оби Душанбе баргузор мешавад.

«Ин иди  арҷгузорӣ ба об ҳамчун асоси ҳаёт, некӯаҳволӣ, шукуфоӣ ва рушди устувор хоҳад буд», — иброз  доштанд дар котиботи Конфронси байналмилалии об дар Душанбе.

Тавре 27 май зимни баргузории брифинг роҳбари котиботи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд Султон Раҳимзода иброз намуд, Фестивали об аз барномаи васеъ, аз ҷумла намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва эҷодкорӣ, таомҳои миллӣ, намоиши либосҳои  миллӣ, барномаи консертӣ ва дигар намоишҳо иборат аст. Намоишгоҳ ба мавзӯи «Об барои рушди устувор» бахшида шуда, бо нишон додани  таҷрибаи пешқадам, технология ва инноватсия дар соҳаи об ва экскурсияҳо барои намоиши сиёсат ва таҷрибаи Тоҷикистон дар соҳаи идоракунии об инчунин иқтидори мамлакатро дар соҳаҳои гидроэнергетика, саноат, кишоварзӣ ва сайёҳӣ муаррифӣ намояд.

Барои ширкат дар Конфронси обии шаҳри Душанбе ҳудуди 2000 нафар шахсиятҳои олӣ, сиёсатмадорон, олимон, коршиносон, намояндагони  ҳукумати мамлакат, СММ ва агентии он, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, институтҳои молиявӣ, муассисаҳои илмӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла занон ва ҷавонон номнавис шудаанд.

РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Конфронси сатҳи баланди марбут ба об наздики 2000 намояндаи кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ иштирок менамоянд

Наздики 2000 нафар  намояндагони давлатҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ, бахши хусусӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, донишкадаҳо, ҷамоатҳои маҳаллӣ  дар Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки 6-9 июн дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе доир мегардад, ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок менамоянд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба  кумитаи тадорукоти Конфронси дуюми сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» иттилоъ медиҳад.

Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» таҳти унвони «Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ» 6-9 июни соли 2022 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Конфронси мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ ва дигар шарикон ташкил гардида, занҷираи марказии Конфронси СММ оид ба баррасии миёнамуҳлати Даҳсолаи об, ки 22-23-марти соли 2023 дар Ню-Йорк баргузор мегардад, маҳсуб  мешавад.

АМИТ «Ховар»

Конфронси дуюми оби Душанбе нақши калидӣ дар баррасии масоили глобалии об хоҳад дошт

Конфронси дуюми Душанбе оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амали об бо мақсади баррасии миёнамуҳлати ин даҳсола аз 6 то 9 июни соли равон дар пойтахти кишвар — шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Конфронси дуюми Душанбе ҳамчун ҳалқаи асосӣ барои пайвастани занҷираи чорабиниҳои гуногуни ҷаҳонӣ дар раванди омодагӣ ба Конфронси соли ояндаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба баррасии миёнамуҳлати Даҳсолаи об нақши калидӣ хоҳад дошт. Тавре ба мо иттилоъ доданд омодагии ин чорабинии байналмилалӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст.

Страницы