Ба кормандони мақомоти гумруки Тоҷикистон роҳҳои мубориза бо коррупсияро шарҳ доданд
Нашр шуд. Пан, 19/05/2022 - 12:59
Муқовимат ба коррупсия ҷузъи муҳими сиёсати ҳуқуқии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб шуда, таш
Муқовимат ба коррупсия ҷузъи муҳими сиёсати ҳуқуқии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб шуда, таш

14 апрели соли 2022 ҷаласаи ҳайати мушовараи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолияти 3 моҳа баргузор шуд.
Дар ҷаласа фаъолияти Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои он дар семоҳаи якуми соли 2022 ва вазифаҳо барои давраҳои минбаъда баррасӣ гардид.
Нахуст тибқи рӯзномаи ҷаласа вобаста ба самтҳои телевизион, радио, дастаҳои ҳунарӣ ва масъалаҳои техникӣ, аз ҷумла вазъи феълии таҳияи барномаву гуфторҳои телевизионию радиоӣ, сатҳу сифати корҳои эҷодӣ, инчунин такмили базаи моддию техникии радиову телевизионҳо, беҳтарсозии инфрасохтори қабулу пахши мавҷҳои радиотелевизионӣ ҳсиоботи масъулони дахлдор шунида шуд.

Дар Тоҷикстон боз як шабакаи телевизионӣ- Муассисаи давлатии телевизиони “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ба фаъолият оғоз намуд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021 таъсис ёфта, дар доираи дастгириҳои рузафзун ва таваҷҷуҳу ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи телевизион ва радио бо бинои маъмурӣ ва таҷҳизоти муосири соҳавӣ таъмин карда шудааст.
Дар расми ифтитоҳи Муассисаи давлатии телевизиони “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода, роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони шабакаҳои телевизион ва радиои малмлакат иштирок намуданд.

Наврўзи ҷаҳонӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати истиқлоли давлатӣ бо тамоми ғановату рангоранг, расму оин ва суннатҳои хосаш эҳё гардид, ҳоло ба ҷашни милливу давлатии мо – тоҷикон ва рамзи худшиносиву ифтихори миллӣ ваҳдату ҳамдилии мардум ва пайванди наслҳо табдил ёфтааст.
Имрўз Кормандони дастгоҳи марказии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайати эҷоддии «Телевизиони Тоҷикистон», Муассисаи давлатии телевизиони мусиқии Тоҷикистон «Шаҳнавоз» ва 4 шабакаи радиои ҷумҳурӣ маркази техникии телевизион ва радиои ҷумҳуриявӣ ҷашни Наврўзи байналмилалиро дар сатҳи баланди хотирмон таҷлил намуданд. Аз ҷониби ҳайати эҷодии кумита ва зерсохторҳои он дастурхони наврўзӣ ороста шуда, ҳунарҳои марудмӣ, созҳои мусиқӣ ва хўрокҳои миллиро ба намоиш гузоштанд. Дастурхони идонааро хўрокҳои миллӣ, аз қабили ҳафт сину ҳафт шин, қурутоб, шириниҳои гуногун ва дигар таъоми ба ин ҷашни бостонӣ мансуб оро ёфта буд.
Copyright KTR © 2026,
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734025, ш. Душанбе, к. Шероз 31. E-mail: info@ktr.tj
