Изҳороти муштараки ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон
Нашр шуд. Пан, 06/05/2021 - 11:0501-02 майи соли 2021 дар шаҳри Ботканди вилояти Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон ҷаласаи навбатии якҷояи ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид. Дар рӯҳияи эътимоди тарафайн ва ҳамсоягии нек, бо истинод ба таърихи қадимаи ҳамзистии осоиштаи ду халқи бародар, оид ба қабули чораҳои фаврӣ, ки ба ҳалли вазъ дар сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон равона шудаанд, эҳё ва фаъолсозии кори Комиссияи муштарак мубодилаи ҳамаҷонибаи афкор сурат гирифт.