Теъдоди китобҳо дар махзани маърифати кумита афзойиш меёбад
Нашр шуд. Ҷум, 23/04/2021 - 10:24Дар пайравӣ ба ҳидоятҳои маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба баланд бардоштани завқу маърифати китобхонию китобдорӣ дар ҷомеа бештар аз як сол мешавад, ки дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон китобхона барои кормандон таъсис дода шудааст. Ифтитоҳи махзани маърифат имкон фароҳам овард, то кормандони кумита дар вақтҳои мусоид тавонанд, баҳри тавсеа бахшидани ҷаҳонбинӣ ва такмили донишҳои соҳавӣ фаровон истифода баранд.