Ахбор

Талаботи озмунҳои «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» барои соли 2021 тасдиқ шуданд

Бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои соли 2021 пешбинӣ гардидаанд, ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ кардани озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» дар соли ҷорӣ 2 540 000 сомонӣ ба таври нақд ҷудо карда мешавад.

Бар асоси Низомнома Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Дастаи бонувони волейболбози Кумитаи телевизион ва радио бар дастаи бонувони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ғолиб омаданд

20 феврали соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии “Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии шаҳри Душанбе оид ба намудҳои бозиҳои варзишӣ»-и №5-и пойтахт байни дастаи бонувони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастаи бонувони Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи волейбол барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир гардид.

АМРИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор карда шавад.

2. Низомнома, ҳайати комиссия, ҷоизаҳо ва рӯйхати адабиёти тавсияшавандаи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3 ва 4).

Пагоҳ Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия нишасти матбуотӣ доир менамоянд

Пагоҳ, 16 феврал Вазорати саноат ва технологияҳои нав,

Страницы