Мулоқоти раиси Кумита бо сафири Фаронса

17-уми майи соли 2021 раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид бо сафири Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мишел Тарран мулоқот намуд.

Зимни суҳбат ҷонибҳо ҳамкории Тоҷикистону Фаронса дар соҳаи телевизион ва радио ва омодагӣ ба Рўзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Фаронсаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҷонибҳо барои ҳамкорӣ дар самти бозомўзию табодули таҷрибаи кормандон, инчунин, бартараф намудани мушкилоти техникии пахши барномаҳои шабакаҳои телевизионию радиоӣ ибрози назар намуданд.

Страницы