Солномаҳои Пешвои Миллат (1991-2021)
Нашр шуд. Пан, 29/07/2021 - 13:18

Имрӯз, 22 июли соли 2021 дар бинои Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раёсат, роҳбарияти сохторҳои Кумита ва доираи васеъи намояндагони ВАО нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Нахуст Раиси Кумитаи телелвизион ва радиои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид рӯзноманигоронро хайрамақдам гуфта, бобати натиҷаҳои фаъолияти кумита дар нимсолаи якуми соли 2021 мухтасар маълумот дод.

5 июл таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа аъзои доимӣ ва аъзоёни Шӯрои амният, роҳбарони сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот иштирок намуданд.
Дар ҷаласа вобаста ба мураккаб гаштани вазъ дар сарҳади Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи таъмини амният дар минтақаҳои наздисарҳадӣ ва андешидани чораҳои тақвият бахшидани ҳифзи сарҳади давлатӣ, мавриди баррасии аъзои Шӯрои амнияти кишвар қарор дода шуд.
Вобаста ба вазъ дар сарҳади давлатӣ гузориши Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон шунида шуд.
Бо дарназардошти шадид гардидани вазъи сиёсӣ дар минтақаҳои ҳаммарзи кишвари ҳамсояи Афғонистон бо Тоҷикистон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони сохторҳои низомӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот супориш доданд, ки барои таъмини амнияти давлату миллат дар минтақаи сарҳади давлатии ҳамҷавори Тоҷикистон бо Афғонистон чораҳои мушаххас андешанд.
Copyright KTR © 2026,
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734025, ш. Душанбе, к. Шероз 31. E-mail: info@ktr.tj
