Ахбор

Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи муовини Фармондеҳи
Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии
Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ
озод намудани Шоҳиён А.

КИТОБИ НАВ: Нигоҳи илмӣ ба масъалаҳои мубрами рушди миллӣ

Дар нашриёти «Контраст»-и шаҳри Душанбе нашри дуюми такмилёфтаи китоби дипломати тоҷик, доктори илмҳои таърих Зафар Сайидзода бо номи «Тоҷикистони муосир: масъалаҳои мубрами истиқлоли миллӣ» дар ҳаҷми 640 саҳифа ба забони тоҷикӣ аз чоп баромад. Ин китоби таҳлилӣ ба масъалаҳои мубрами истиқлоли миллӣ – гиромидошти забони модарӣ, густариши ахлоқи миллӣ, татбиқи амалии омӯзаҳои мактаби сиёсии Пешвои миллат, таъмини рушди устувору босуботи мамлакат дар арсаҳои мухталиф ва ба ин хотир фароҳам овардани шароити мусоиди берунӣ бахшида шудааст. Асари мазкур барои олимон, омӯзгорон, сиёсатшиносон, хизматчиёни давлатӣ ва дар маҷмӯъ, доираи васеи хонандагон иншо гардидааст.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд

Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки дар вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот, сарҳадот, Дастгоҳи иҷроияи Президент ва зерсохторҳои он ба вазифаҳои роҳбарӣ таъин гардиданд, барои сӯҳбат ба ҳузур пазируфтанд. Бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

5 феврал Бонки миллӣ, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, Суди Олии иқтисодӣ, Кумитаи телевизион ва радио, МД «Телевизиони Сафина», МД «Тоҷикфилм» нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд

5 феврал Бонки миллии Тоҷикистон, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» ва Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» оид ба ҷамъбасти соли 2019 нишасти матбуотӣ мегузаронанд.

Страницы