“Гургзода оқибат гург шавад...”

Эътимоду эътиқоду эҳтироми миллати барӯманди тамаддунтабори тоҷик давоми асрҳост, ки бо камоли боварии тамом дар нисбати корнамоиҳои шарафмандонаи фарзандони фарзонаву фарҳехтаи хеш сар аз қаҳрамонии Шоҳ Исмоили Сомонӣ то ба шумули Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон идома дорад.

“Гургзода оқибат гург шавад...”

Миллати тамаддунсозу тоҷдори тоҷик дарозои таърих

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро истиқбол гирифтанд

10 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёевро, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд, гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Ба хотири пазироии сазовори меҳмони олимақом — Сарвари давлати дӯсту ҳамсояи Ӯзбекистон майдони Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо аксҳои Сарони давлатҳо, шиорҳо ва парчамҳои давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон идона ороста шуд.

Ҳамчунин шумораи зиёди ҷавонону наврасони кишвар бо гулу парчамҳои ду кишвари дӯст ва бо шиорҳои тараннумгари дӯстии халқҳо меҳмони олиқадрро пазироӣ намуданд.

Зимни мулоқоти хосае, ки байни сарони давлатҳо дар фурудгоҳ сурат гирифт, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёевро ба Тоҷикистон самимона хайрамақдам гуфтанд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки натиҷаҳои сафари расмӣ барои таҳкиму тавсеаи ҳамкорӣ, муносибатҳои дӯстӣ ва робитаҳои шарикии стратегии кишварҳо, мусоидат хоҳад кард.

Истиқболи гарму самимии меҳмони олимақом — Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз фурудгоҳи байналмилалӣ то Бӯстонсаройи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз тарафи сокинони меҳмоннавози пойтахт дар хиёбонҳои марказии шаҳри Душанбе, ки барои истиқбол сабзу гулпуш ва симои идона дошт, идома ёфт.

Оғози бунёди марҳилаҳои 1, 2 ва 3-и лоиҳаи роҳи мошингарди Роғун — Обигарм – Нуробод

7 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Нуробод нахуст бо лоиҳаи бунёди роҳи мошингарди Роғун-Обигарм-Нуробод шинос гардиданд.

Татбиқи ин лоиҳаи муҳим дар идомаи иқдомоти давлату Ҳукумати мамлакат ҷиҳати ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон рӯи даст гирифта шудааст.

Лоиҳа ба 3 марҳила ҷудо карда шуда, марҳилаи якуми он роҳи асосии Обигарм-Тагикамар масофаи 30,2 километрро дар бар мегирад.

Зимни муаррифии лоиҳа иттилоъ дода шуд, ки дар ин марҳила сохтмони нақбҳои “Қандак” бо дарозии 1,6 километр ва “Қарағоч” бо  1,7 километр, бунёди 5 пули нав, таҷдиди 1 пул, 28 истгоҳ, пиёдароҳ бо масоҳати 14 ҳазору 860 метри мураббаъ ва гузоштани аломатҳои роҳ бо дарозии 102,5 километр пешбинӣ шудааст.

Маблағгузории марҳилаи якум 178,1 миллион долларро ташкил медиҳад, ки 110 миллион гранти Бонки осиёгии рушд, 40 миллион қарзи фонди Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт (ОПЕК) ва 28,1 миллион доллар саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Марҳилаи дуюми лоиҳа аз 44,1 километр роҳи асосии Тагикамар-Нуробод ва аз 45 километр роҳи байнидеҳавӣ иборат буда, ба роҳи нави асосӣ пайваст мешавад.

Эъҷози сухан ва беҳтаринҳои он

Озмуни адабии шеърдонию китобхонӣ таҳти унвони  "Эъҷози сухан" дар байни кормандони Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаъмбаст гардид.

Озмун дар доираи иқдому ташаббусҳои маорифпараварона ва хирадмандонаи Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, лаёқатмандонро дар номинатсияҳои шеърдониву китобхонӣ муррифӣ кард.

"Эъҷози сухан"- аввалин озмуни адабии шеърдонию китобхонӣ, ки Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир намуд, ғолибон, яъне беҳтарин китобхонҳо ва шеърдонҳоро муаррифӣ кард.

Ёдовар мешавем, ки Озмуни адабии шеърдонию китобхонӣ таҳти унвони "Эъҷози сухан" бо ҳидоятҳои фарҳангпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил гардида, бо ҷалби тамоми кормандони бахшҳои техникиву эҷодии воҳидҳои сохтории дастгоҳи асосии идалогии кишвар-Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми 4 рўз давом кард.

Страницы