Ахбор

5500-солагии Саразми бостонӣ ба Феҳристи бузургдоштҳои ЮНЕСКО ворид гардид

Ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таҷлили 5500-солагии Саразм ва 700-солагии шоири номдор Камоли Хуҷандӣ дар Конфронси кулли ЮНЕСКО, ки   12-28 ноябр баргузор гардид, бо иттифоқи оро ба рӯйхати  солгардҳои ЮНЕСКО пазируфта шуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Таҷлили 5500-солагии Саразми бостонӣ 12 сентябри соли 2020 ба нақша гирифта шудааст.

Сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Туркманистон сафар карданд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии

Страницы