Ахбор
Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ён бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард
Нашр шуд. Душ, 15/07/2019 - 22:45Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ён бо сафари расмии серӯза ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард,- хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Меҳмони олиқадрро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.
Дар назар аст дар ҷараёни сафари расмӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ёнро ба ҳузур пазиранд.
16 июл дар Душанбе музокироти ҳайатҳои ҳукуматӣ бо роҳбарии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ён баргузор мегарданд.
Ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Рашт
Нашр шуд. Душ, 01/07/2019 - 00:46Мулоқоти сеҷонибаи Тоҷикистон, Беларус ва Россия
Нашр шуд. Якш, 30/06/2019 - 23:3230 июн дар шаҳри Минск мулоқоти сеҷонибаи Сарони давлатҳои Тоҷикистон, Беларус ва Россия муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Александр Лукашенко ва Владимир Путин баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкории кишварҳо дар доираи муносибатҳои дуҷониба ва ҳам дар ҷаҳорчуби ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалии ИДМ, СААД ва ғайра, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин ба Александр Лукашенко ва Ҳукумати ин кишвар барои дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор кардани Бозиҳои дуюми аврупоӣ, ки шоми рӯзи 30 июн ҷамъбаст мегардад, баҳои баланд доданд.
Дар мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои муҳими мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо муҳокима карда шуд.
АМИТ «Ховар»