Бо дастури Пешвои миллат муддати як моҳ тамоми манзилҳои харобшудаи сокинони деҳаҳои Хоҷаи Аъло ва Сомониён пурра бунёду барқарор мегарданд

Бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муддати як моҳ тамоми манзилҳои истиқоматии харобгардида ва осебрасида пурра бунёду барқарор гардида, бо маводи зарурии рӯзгор таъмин карда мешаванд. Ин нуктаро имрӯз, 5 май Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни  боздид аз манзилҳои истиқоматие, ки бар асари муноқишаи марзии охири моҳи апрел рухдода хароб гардида буданд, иброз дошт.

Тавре аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Раҷаббой Аҳмадзода дар деҳаҳои Хоҷаи Аъло ва Сомониёни шаҳри Исфара вазъи кунунии хонаҳои истиқоматиро мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, бо соҳибони онҳо суҳбат намуд.​

Айни замон дар шаҳри Исфара ситоди корӣ ҷиҳати барқарорсозии хонаҳои истиқоматии минтақаҳои наздимарзӣ шабонарӯзӣ фаъол буда, дар ин самт чораҳои зарурӣ амалӣ шуда истодаанд.

-Давлат ва Ҳукумат дар паҳлуи мардум аст ва мо бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якҷо бо шумо тамоми биноҳоро бунёду барқарор месозем, — зикр кард Раҷаббой Аҳмадзода.​

Изҳороти муштараки ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон

01-02 майи соли 2021 дар шаҳри Ботканди вилояти Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон ҷаласаи навбатии якҷояи ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид. Дар рӯҳияи эътимоди тарафайн ва ҳамсоягии нек, бо истинод ба таърихи қадимаи ҳамзистии осоиштаи ду халқи бародар, оид ба қабули чораҳои фаврӣ, ки ба ҳалли вазъ дар сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон равона шудаанд, эҳё ва фаъолсозии  кори Комиссияи муштарак мубодилаи ҳамаҷонибаи афкор сурат гирифт.

Роҳбарони ҳайатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи зарурати тасвири ҳарчи зудтари хати сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар қисматҳои боқимонда пурра изҳори ҳамдигарфаҳмӣ карданд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои тасвири хати лоиҳавии Сарҳади давлатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар қисматҳои аз нуқтаи сарҳадии № 43 то нуқтаи сарҳадии № 61 ва аз нуқтаи сарҳадии №135 то нуқтаи сарҳадии №141 аз ҳуҷҷатҳо ва маводи марзбандии миллию ҳудудии солҳои 1924-1927 ва комиссияи паритетии соли 1989 истифода мекунанд.

Ба гурӯҳҳои кории топографӣ дастур дода шуд, ки хати лоиҳавии Сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистонро дар қисматҳои дар боло зикршуда аз 5 то 9 майи соли 2021 тасвир кунанд.

Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳо озмун эълон менамояд

Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии 1 сардори раёсат ва 1 мутахассиси пешбари ҳамоҳангсозии барномаҳои телевизионӣ, 1 муовини сардори раёсати кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ ва коргузорӣ, 1 сармутахассиси бахши ҳуқуқи раёсати кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ ва коргузорӣ, 1 муовини сардор ва 1 мутахассиси пешбари раёсати иқтисод ва баҳисобгирии муҳосибӣ ва 1 мутахассиси пешбари бахши техникӣ ва таъминоти ҳуқуқии Бозрасии давлатии назорат дар соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ ОЗМУН  эълон менамояд.

Талабот ба довталабон:

Таҳсилоти олӣ:  рӯзноманигор, муҳосиб, техникӣ ва ҳуқуқшинос.
Собиқаи умумии меҳнатӣ на кам аз 1 то 7 сол ва хизмати давлатӣ на кам аз  2 то 6 сол.

Ҳуҷҷатҳои зарурии пешниҳодшаванда:

Зўри мушт аз ваҳдати ангушт меояд ба даст…

(Назаре чанд оид ба масоили муноқишаҳои марзии миёни чумҳуриҳои Тоҷикистону Қирғизистон)
Саҳфаҳои рангини рўзгор ва равиши зиндагӣ ҳикмату ифодаҳои мантиқии ин дурдонагуфторро дар ҳар давру замон ба шаклу сурате татбиқ менамояд, ки хулосаи интиҳояш аз ибтидо то ба интиҳо мазмуни «Об агар садпора гардад боз бо ҳам ошност»-ро фарогир мебошад. Васлу пайдарҳамӣ ва авлавияту устувории гуфтаҳои ҳамдиливу ҳамраъӣ, сарҷамъиву иттиҳод ва рафоқату баҳамомаданҳо аз равзанае об мехўранд, ки хатми интиҳояш моро ба суйи сулҳу субот ва дастёбии Ваҳдату якпорчагии сартосарӣ раҳнамун месозад.

Гузашти ду даҳаи соҳибдавлатии навин бо назардошти марҳилаҳои душвори замон садоқату дўстдорӣ ва меҳру муҳаббати ватандўстии мардумро ончунон шаклу такмили устувор бахшид, ки натиҷаи воқеъияташро давоми чанд рўзи охир бар асари ғасбу муноқишаҳои марзии ҳамсоякишвар, яке бо иҷрои рисолат, қисме бо сухану гуфтор ва  дигаре бо қурбонии ҷавонмардона амалу талоши бештар карданд.   

Страницы