Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Беларус
Нашр шуд. Якш, 30/06/2019 - 17:41Баррасии масоили ҳамкории Тоҷикистону Беларус дар вохӯрии хосаи Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Александр Лукашенко оғоз гардида, дар музокироти сатҳи олӣ бо иштироки ҳайатҳои васеи расмии ду кишвар идома ёфт.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Беларус ва Ҳукумати ин кишвар барои пазироии гарму самимӣ изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.
Таъкид гардид, ки мулоқоти имрӯзаро мо имкони баррасии ҳолат ва дурнамои ҳамкории кишварҳо дар ҳама ҷанбаҳо мешуморем.